Сӯхтор дар КВД «Бозори Деҳқон». Зарари расонидашуда тақрибан 35 000 сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Деҳқон», ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Борбад 15 ҷойгир шудааст, 22 июл, соати 00:29, дар масоҳати 134 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа 16 нуқтаро пурра ва 8 нуқтаи савдоро қисман фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн гардидани алангаи оташ ба дигар биноҳои дар шафати бозори «Деҳқон» бударо ба миён овард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-оташнишонӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ҳодисаи сӯхтор дар соати 01:14 иҳота карда шуда, дар соати 01:27 пурра хомӯш карда шуд.
Зарари расида аз ин сӯхтор тақрибан 35 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ молу амволи фурӯш ва биноҳои ҳамшафат аз коми оташ наҷот дода шуданд.
Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи яхдон дар нуқтаи савдои №42 мебошад, ки ба соҳибкори инфиродӣ Дилшод Идиев, сокини шаҳри Душанбе мансуб аст.
Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






