Сабаби 12 маротиба зиёд шудани хатари марг ҳангоми коронавирус гуфта шуд

Июль 27, 2020 10:18

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар» /. Олимони Донишгоҳи Калифорнияи Сан-Франсиско номи бемориеро, ки  ҳангоми коронавирус хатари маргро 12 маротиба зиёд мекунад, гуфтанд. Дар ин бора портали «MedicalXpress» иттилоъ додааст, —  хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мувофиқи пажӯҳиши густурдаи гирифторони бемории COVID-19, шахсони мубталои диабети қанд шаш маротиба бештар ба бистарӣ шудан дар беморхона ниёз доранд ва эҳтимоли фавти онҳо 12 маротиба зиёдтар аст. Инчунин ин беморӣ ба душвор шудани раванди маризии коронавирус  мусоидат мекунад. Бемории қанд дар ҷойи дуюм пас аз бемории дилу рагҳо меистад, ки боиси пайомадҳои сангин ҳангоми сирояти коронавирус мешавад.

Профессори Донишгоҳи Калифорния Пракаш Дидваня ёдовар шуд, ки яке аз пайомадҳои мушкил ва ҷиддии диабети қанд- ин коҳиши эминии  бадан аст. Илова бар ин беморӣ метавонад сабаби  сактаи мағз, сактаи дил, вайроншавии торҳои асаби дасту пойҳо, фаъолияти гурдаҳо ва биноӣ гардад.

Муҳаққиқон ба беморони диабети қанд тавсия медиҳанд, ки фаъолияти ҷисмонии худро (то 150 дақиқа дар як ҳафта) зиёд намоянд, ба андозаи кофӣ хоб намоянд, ба худталқинкунӣ машғул шаванд ва нафаскашиашонро назорат намоянд.

Тибқи маълумоти онҳо, барои одамони гирифтори диабети қанд риоя намудани тамоми чораҳои эҳтиётӣ ҳангоми муошират бо дигар шаҳрвандон бисёр муҳим аст.Қаблан олимони Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир фарбеҳӣ, диабет, нафастангии шадид ва дигар бемориҳои роҳи нафас, инчунин бемориҳои музмини дил, ҷигар, асаб ва эминии баданро хатарнок ҳисоб менамуданд.

Мутобиқи маълумоти расмӣ, то 26 июли соли равон теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон зиёда аз 16,1 миллион нафарро ташкил намуд ва аз ҷумлаи онҳо 645 ҳазор тан ҷон бохта, 9,2 миллион тан шифо ёфтааст. Миқдори бештари сироятёфтагон дар ИМА, Бразилия, Ҳиндустон, Россия ва Африқои Ҷанубӣ сабт шудааст.

                                                                                    АКС: AFP 2020

Июль 27, 2020 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд