Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Беларус ва Украина 10 июл ба Ватан баргардонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони мамлакт тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Минск-Душанбе ба нақша гирифта шудааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин росто Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Беларус ва Украина мерасонад, ки ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Беларус ва Украина метавонанд муроҷиат кунанд.
«Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ имкон доранд, бо ҳавопаймои мазкур ба Минск парвоз намоянд», — таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мушаххасоти сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳравандони Тоҷикистон:
Сафорати Тоҷикистон дар Беларус
Тел: +375 17 549 01 83
Е-mail: tajembminsk@mfa.tj
Сафорати Тоҷикистон дар Украина
Тел: +380950162777
E-mail: tajembkyiv@mfa.tj








Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт таҳкими ҳамкориро дар арсаи рушд баррасӣ намуданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҷрибаи 35-солаи сулҳофарӣ ва сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Мудири омили Ширкати ҳавопаймоии «Jazeera Airways» мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028» ба имзо расид
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид






