Сокинони деҳаи Лавоваи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд

Июль 10, 2020 13:10

КӮЛОБ, 10.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва амалишавии  барномаи «Даҳсолаи об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2020» сокинони деҳаи Лавоваи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, ки он яке аз деҳаҳои калонтарин маҳсуб мешавад ва зиёда аз 2000 ҳазор аҳолӣ дорад бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.

Сокини деҳаи Лавова Майрамбӣ Одинашоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт, «мо, сокинони ин деҳа, дар дастрасӣ ба оби ошомиданӣ танқисӣ мекашидем. Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини шароит ҷиҳати некуаҳволии мардуми Тоҷикистон беҳад миннатдорем. Чунки маҳз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат на танҳо ба деҳаи мо, балки ба даҳҳо  макони дигари мамлакат, ки аз оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд ва онро аз роҳи дур меоварданд, хати оби нӯшокӣ кашида шуд. Мегӯянд, ки обу ободонӣ. Акнун мо имкони дар заминҳои наздиҳавлигӣ парвариш кардани сабзавот ва дарахтонро дорем, ки барои баланд гардидани сатҳи зиндагии мо мусоидат менамояд».

Ёдрас мешавем, ки дар деҳаи мазкур як чоҳи амудӣ дар чуқурии 80 метр канда, иншооти обтаъминкуни бунёд карданд. Дар расми ифтитоҳи он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндагони шарикони рушд ва сокинони деҳа иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз чоҳи амудӣ, обанбор бо ғунҷоиши 25 метри кубӣ, шабакаи тақсимоти об ва 315 обченкунак иборат  аст. Илова гардид, ки иншоот ба тамоми талаботи санитарию эпидимиологӣ ҷавобгӯ буда, қойидаҳои бехатарӣ  ва беҳдоштӣ дар он  риоя карда шудааст. Бо истифодаи самаранок сокинон метавонанд 24 соат бо оби ошомиданӣ таъмин бошанд. Ташкилоти обрасон бошад гурӯҳи махсуси таъмирӣ ташкил кардааст, ки ҳамаи садамаҳои дар иншоот ба вуқӯъ пайвастаро сари вақт бартараф менамояд. Иншооти мазкур дар шаҳри Кӯлоб аввалин набуда, дигар сокинони деҳаҳо аз чунин иншооти обрасонӣ истифода бурда истодаанд.

Бартарии иншооти мазкур дар он аст, ки дар хатҳои оби нӯшокии ҳамаи муштариён ҳисобкунакҳои обӣ насб карда, маблағи истифодаи он сари вақт супорида мешавад. Аз ин рӯ, сокинон аз он самаранок истифода бурда, пеши роҳи талафёбии обро мегиранд.

Дар оянда таъмини дигар деҳаҳои шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 10, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад