ВМКБ: шумораи ронандагоне, ки воситаи нақлиётро дар ҳолати сархушӣ идора мекунанд, бамаротиб коҳиш ёфтааст

Июль 9, 2020 12:00

ХОРУҒ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни таҳлили фаъолияти нимсолаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (БДА РВКД) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён гардид,  ки дар ин давра дар қаламрави вилоят 37 ҳолати идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи ронанадагӣ, 10 далели истифодаи шишаҳои сиёҳу хира бе иҷозатномаи махсус ошкор  гардидааст. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ҳамчунин чанд соли охир дар вилоят бамаротиб коҳишёбии шумораи ронандагоне, ки воситаи нақлиётро дар ҳолати сархушӣ идора мекунанд, мушоҳида мегардад. Вале, мутаассифона ҳоло ҳам баъзе аз ронандагон сарфи назар ба таъкидҳои пайвастаи нозирони БДА сари чамбараки мошин дар ҳолати сархушӣ нишаста, ҷони худ ва мусофиронро дар хатар мегузоранд.

Аз моҳи январ то моҳи июни соли равон 12 нафар ронанда, ки мошинро дар ҳолати сархушӣ идора мекарданд, аз сӯи нозирони шуъбаи БДА РВКД-и вилоят боздошт шуданд. Ҳамаи ин ронандагон ҷарима ва ба муҳлати панҷ сол аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт маҳрум гардиданд.

Дар давоми шаш моҳи соли равон инчунин 39 ронанда, ки бе литсензияи давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул буданд, боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва сари вақт мавриди муоинаи техникӣ қарор надодани воситаҳои нақлиёт оқибат ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад.

Дар ин давра дар роҳҳи автомобилгарди вилоят 13 садамаи нақлиётӣ рух доданд, ки дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

 

ДАР АКС: Бинои БДА РВКД дар ВМКБ

Июль 9, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд