Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ва боздид аз замини наздиҳавлигии сокини ин ноҳия Ҳамдам Давлатмаҳмадов

Август 20, 2020 12:41

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон нахуст бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Ҳамдам Давлатмаҳмадов шинос шуданд.

Ҳамдам Давлатмаҳмадов таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти меҳнати садоқатмандона, муносибати дилсӯзона ба замин ва истифодаи пурсамару оқилонаи ҳар порча замин сармашқи кори худ қарор дода, дар ин деҳа аз аввалин кишоварзоне дониста мешавад, ки бо ташкили гармхона ҳамасола маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол мекунанд ва рӯзгори оилавии 3 хонаводаро таъмин менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин сокини ноҳияи баландкӯҳи Рӯшон соли чорум аст, ки қариб дар 10 садяк замин 5 адад гармхона ташкил намудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аҳли ин оила танҳо аз як гармхонаи ташкилкардааш аз 5 то 6 тонна бодирингу помидор  мерӯёнад.

Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба таҷрибаи ғании ин ҷавони кордон баҳои баланд дода, ташкили гармхонаҳоро дар шароити кӯҳистони Бадахшон намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва шароити гармхонаҳои ин сокини ноҳияи Рӯшон шинос шуда, барои дар оянда боз васеъ намудани масоҳати гармхонаҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Бино ба таъкиди роҳбари ин оила дар заминаи истифодаи судманди гармхонаҳо хароҷоти хонаводагӣ пурра таъмин ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ амалӣ карда мешавад.

Обдиҳиву ғизодиҳии маҳсулоти полезӣ дар гармхонаҳо пурра бо тарзи қатрагӣ ба роҳ монда шуда, айни замон ҳосили помидору бодиринг фаровон аст. Ин деҳқони соҳибтаҷриба нақша дорад, ки давоми се соли оянда масоҳати  гармхонаҳоро ба беш аз як гектар расонаду бо ин роҳ бозори марказии ноҳия ва шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намояд.

Дар ин оила дар баробари ташкили гармхона ҳамчунин ҳар порча замини наздиҳавлигӣ самараноку оқилона истифода шуда, дар масоҳати 18 садяк замин картошка, қаланфури булғорӣ, карам,  пиёз,  сабзӣ,  лубиё, помидор, каду, зағир ва макаи дон кишт гардидааст, ки қисми бештари  ҳосили онҳо пухта расидааст.

Маҳз, меҳнати шабонарӯзӣ ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ  буд, ки имрӯз ҳосил дар саҳро фаровон аст. Дар ин замина дар заминҳои аз кишт холигардида, кишти такрории мош, сабзӣ ва турб бароҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи кишоварзон ва хӯрокҳои миллии омоданамудаи бонувони ҳунарманди ноҳияи Рӯшон шинос шуданд.

Кишоварзӣ аз бахши муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар самти бо ҷойи кор таъмин гардидани сокинон ва ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Оилаи Давлатмаҳмадов  дар баробари  истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ  ҳамчунин ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду соли минбаъда сармашқи кори худ намуда, аз ҳисоби ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамасола ба миқдори зарурӣ маҳсулоти гуногун дар шакли консерва аз ҷумла,  афшӯра, шарбат, мураббои мевагӣ, лубиё, меваи хушк барои давраи тирамоҳу зимистон захира менамоянд.

Заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии оилаи Давлатмаҳмадов сол то сол беҳтар шавад. Гуфтан ба маврид аст, ташкили гармхонаҳо дар шароити кӯҳистон ба манфиати иқтисодии худи сокинон буда, имконият фароҳам меорад, ки бозори истеъмолӣ дар чор фасли сол бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон ва боздид аз замини наздиҳавлигии сокини ноҳияи Рӯшон Давлатмаҳмадов Ҳамдам 20.08.2020

Август 20, 2020 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд