Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз ба сохтмони Мактаби Президентӣ санги асос гузоштанд

Август 19, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои Мактаби Президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар Мактаби Президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.

Лоиҳаи Мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз инчунин бинои хобгоҳ барои 240 кат ва ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Ҳамчунин барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ сохта мешавад. Муассисаи таълимӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Дарвоз сохта шуда, дар самти беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Дарвоз низ муассисаҳои зиёди таълимӣ ба истифода дода шуда, мушкилоти соҳаи маориф ҳалли худро пайдо мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз гузоштани санги асос ва шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони Мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз масъулинро ба иҷрои босифати корҳо вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин бино бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шавад ва солҳои зиёд ба омӯзгорону муҳассилини ноҳияи Дарвоз хизмат намояд.

Гузоштани санги асоси сохтмони Мактаби Президентӣ дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз 19.08.2020

Август 19, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд