Академики АИР ба ин назар аст, ки пандемия пештар аз тобистони соли 2021 тамом нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи уфунати коронавируси нав эҳтимолан се мавҷ дорад ва танҳо тобистони соли 2021 бозгашт ба тарзи маъмулии зиндагӣ имконпазир хоҳад шуд. Тибқи иттилои ТАСС, дар ин бора академики Академияи илмҳои Россия (АИР), директори Маркази иммунология ва тибби биологии Донишгоҳи давлатии Москва, профессор Михаил Палтсев дар канали Telegram-и захираи стопкоронавирус.рф. хабар додааст.
«Агар мо қиёс кунем, ки дар фасли тобистон беморӣ коҳиш ёфт, ба таври асоснок гуфтан мумкин аст, ки дар тирамоҳ он афзоиш хоҳад ёфт, пас, се фасл ҳаст — баҳор, тирамоҳ, баҳор. Ва мо бояд тахмин кунем, ки то тобистони соли оянда мо аллакай ба тарзи зиндагии маъмулии худ бармегардем», — гуфт Палтсев.
Ба гуфтаи ӯ, таърихан ҳамаи пандемияҳои вирусӣ се мавҷ доранд. Мавҷи аввал хеле шадид, мавҷи дуввум аз он шадидтар ва сеюм аз ҳисоби ташаккули эминияти оммавӣ шиддати камтар хоҳад дошт. Палтсев ёдовар шуд, ки масалан, зукоми испанӣ (пандемияи он яке аз оммавитарин дар таърихи инсоният буд), ки дар ибтидои асри гузашта хуруҷ намуда буд, се мавҷ дошт.
«Назаре вуҷуд дорад, ки эминияти оммавӣ замоне ташаккул меёбад, ки зиёда аз 60% аҳолӣ бемориро сипарӣ намуда бошад ва вақте ки 95% бемориро аз сар мегузаронанд, уфунат нобуд мешавад. Инҳо хулосаҳои назариявӣ мебошанд, аммо аксарияти муаллифон, бо шумули табибони амалкунанда инро тасдиқ мекунанд. Мебинем. Вирус нав аст, онро омӯхтан, мушоҳида кардан ва оморро ҷамъ овардан лозим аст», — илова кард академики АИР.
ДАР АКС: Директори Маркази иммунология ва тибби биологии Донишгоҳи давлатии Москва Михаил Палтсев. АКСИ: © Александр Шербак/ТАСС








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






