Ҷавон барои шикастани оинаи истгоҳ ҷарима шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар натиҷаи баргузории чораҳои профилактикию назоратӣ аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Маяковский як нафар ҷовонписар дастгир гардид, ки оинаи истгоҳи замонавии кӯчаи мазкурро зада шикастааст. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Амирхонов Манучеҳр Файзуллоевич, соли таваллудаш 1992, зодаи ноҳияи Фархор, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковсий мебошад.
Номбурда санаи мазкур тақрибан соати 03:00-и субҳ дар ҳолати мастӣ бо дастонаш оинаи қисмати чапи истгоҳи воқеъ дар кӯчаи Маяковский назди бинои №65-ро зада шикастааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Манучеҳр Амирхонов санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъйин карда шуд.
Илова бар ин аз ҷониби волидайни ҷавон зарари расонидашуда барқарор гардида, оинаи шикасташуда харидорӣ ва насб карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






