«Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ». Таҳти ин унвон озмуни беҳтарин мақолаи публисистӣ эълон гардид

Август 26, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ки ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат таҷлил мегардад, Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин  мақолаи публисистиро миёни ҷавонон дар мавзӯи «Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ» эълон менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  мазкур хабар доданд.

«Мақсад аз эълон намудани озмуни мазкур талқин ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад»,-афзуд манбаъ.

Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро  ба унвонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 ноябри соли равон тариқи почтаи электронии tjavononi@gmail.com ва тариқи хаттӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон, № 6 равон намоянд.

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин  мақолаи публисистӣ дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Август 26, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид