COVID-19: Вазъият дар Аврупо бадтар мешавад
ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Афзоиши бесобиқаи сироятёбӣ» — ҳамин тавр роҳбарияти Вазорати тандурустии Франсия шумораи шахсони сироятёфтаро дар 24 соати охир арзёбӣ кард. Ин рақам ба 1700 ҳомили вируси ба тозагӣ ошкоршуда наздик шудаст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Евронюс.
Мақомот барои пешгирӣ аз карантини дубора кӯшиш мекунанд, аммо то ҳол ин кӯшишҳо ба миқёси тавсеа ва идомаи эпидемия таъсир накардаанд.Дар тамоми шаҳрҳои курортӣ пӯшидани ҳатмии ниқобҳо ҷорӣ шудааст, шаҳрдори Париж низ бояд чунин қарори монанд қабул кунад: дар маҳаллаҳои барои сокинон дилкаш ва дар соҳилҳои Сена кам одамоне ҳастанд, ки фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.
Испанияи ҳамсоя низ дар вазъияти ҳамсон қарор дорад, ҳатто шумораи сироятёфтагон мувофиқат мекунад ва ҳам ин ки ин рақам аз замони лағви чораҳои маҳдудкунанда ду моҳ пеш ба ҳади рекордӣ расидааст.
Вазъи санитарӣ ва эпидемиологӣ дар минтақаи пойтахти шоҳигарии Иберия ва он чи дар ҷазираҳои Балеария сурат мегирад, боиси нигаронии бештар шудааст.Ҳафтаи гузашта Британия барои афроде, ки аз Испания бозмегарданд, карантини ҳатмӣ ҷорӣ кард, инчунин дар сатҳи минтақавӣ низ тадбирҳо андешида мешаванд.
Ба дунболи карантин, ки дар Лестер ҷорӣ буд, чунин маҳдудиятҳо давоми ду ҳафта барои сокинони Абердини Шотландия ҳам воқеият хоҳанд шуд.
Дар Германия, ки шумораи сироятёфтагон аз 214 ҳазор нафар зиёд шудааст, ҳукумати федералӣ ҳамаи сайёҳони аз кишварҳои сатҳи тавсеаи уфунат баланд баргаштаро муваззаф кардааст, ки барои доштан ё надоштани вирус аз ташхис гузаранд. Илова бар ин, ҳукуматдорон талаб мекунанд, ки ҳама сафарҳо ба Белгия лағв карда шаванд, зеро дар Антверпен манбаи хуруҷи шадиди эпидемияи COVID ба вуҷуд омадааст.
АКС: Reuters








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






