Дар 126 кишвар ҳамарӯза рушди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 03.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар 126 кишвар, ки тахминан 70% кураи Заминро ташкил медиҳанд, рушди ҳамарӯзаи ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад. Ин нишондоди аз ҳама баландтарин аз аввали моҳи апрел мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИБ «Казинформ».
Дар моҳи май аз 188 давлати дунё танҳо 77 –тояш тамоюли рушди ҳамарӯзаи гирифторшавӣ бо вирус доштанд. Дар 40 кишвари аврупоӣ ё тахминан 80% кишварҳои қитъа тамоюли зиёдшавии сироятёбӣ мушоҳида мешавад. Дар Осиё ва Уқёнусия ин нишондод қариб 70% -ро ташкил медиҳад.
Афзоиши назаррас дар Испания мушоҳида мешавад. Дар айни замон шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ дар муқоиса бо моҳи июн тахминан 8 маротиба зиёдтар аст. Австралия низ ба наздикӣ рекорди нави миқдори ҳолатҳои сироятшавии рӯзонаро сабт кард, ки аз нишододи дар охири моҳи марти соли равон қайдшуда (қуллаи авҷи марҳилаи аввал) зиёдтар аст. Яке аз сабабҳои афзудани сабти ҳолатҳои нави сироятшавӣ- ин тавсеаи фарогирии санҷишҳои тестӣ мебошад. Дар аввалҳои моҳи апрел таносуби ҳолатҳои мусбат бо шумораи умумии санҷишҳои тестӣ дар ИМА беш аз 20% ва дар Япония беш аз 7% -ро ташкил менамуд.
Дар заминаи якбора густариш ёфтани фарогирии санҷиши тестӣ моҳи июл суботи ин нишондиҳанда дар 88 кишваре, ки омори дахлдор пешниҳод мекунанд, дар сатҳи тахминан 2% таъмин гардид (афзоиши дараҷаи фарогирии санҷиши тестӣ дар моҳҳои гузашта, дар маҷмӯъ, аз суръати ошкорсозии ҳолатҳои нав зиёдтар буд).
Мувофиқи гуфтаҳои М. Розер (Донишгоҳи Оксфорд), зариби (коэфиценти) беш аз 3% далели он аст, ки дар кишвар раванди афзоиши теъдоди ҳолатҳои нави сироятёбӣ мушоҳида мешавад. Аз 88 кишвари дунё, ки омори марбутаро пешниҳод менамоянд, зиёда аз нисфи онҳо дар бораи нишондоди беш аз 3% хабар медиҳанд. 9 кишвари Аврупо, бо шумули Испания ва Белгия, дар хусуси зариби аз ҳадди мазкур баландтар гузориш медиҳанд. Моҳи июн дар Япония ин зариб дар худуди 1% қарор дошт, аммо имрӯз ин нишондод аз 5% зиёдтар аст. Ин тағйироти афзоянда нишон медиҳад, ки уфунат нисбат ба фарогирии санҷиши тестӣ зудтар паҳн мешавад.Кишварҳои Аврупо дар моҳҳои апрел ва май гашту гузорро шадидан маҳдуд намуданд ва ин боиси коҳиши ҳолатҳои ҳаррӯзаи гирифторӣ ба вирус гардид. Дар ин замина, дар чанд моҳи охир маҳдудиятҳо тадриҷан бардошта шуданд.
Мутобиқи маълумоти Донишкадаи Роберт Кох, омилҳои асосии сироятёбиҳои нав чорабиниҳои оилавӣ, ҷойҳои истироҳат ва дафтарҳои корӣ мебошанд. Сар аз моҳи июни соли равон бисёре аз кишварҳо маҳдудиятҳои вобаста ба сафарҳои хориҷиро нарм карданд, ки ин сабаби афзоиш ва авҷ гирифтани ҳолатҳои сироятёбӣ аз вирус гардид.
Дар натиҷа, аксарияти кишварҳо маҳдудиятҳои вобаста ба гашту гузорро дубора шадид мекунанд. Иқдомоти маҳдудкунанда, аз қабили манъи тадвири ҷаласот ва бастани муассисоти фароғатӣ дар 84 кишвар дубора ҷорӣ шуданд.25 кишвари Аврупо ва 19 кишвари Осиё ва Уқёнусия маҳдудиятҳои вобаста ба гашту гузорро шадидтар намуданд. Дар баъзе кишварҳо, ки ҳангоми мавҷи якуми вирус чораҳои шадиди маҳдудкунанда ҷорӣ намуда буданд, дар айни замон чораҳои мақсадноки маҳдудкунанда танҳо дар минтақаҳое ҷорӣ мешаванд, ки дар он ҷойҳо шумораи зиёди ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Баъзе кишварҳои Аврупо кӯшиш мекунанд, ки аз ба ном “маҳдудиятҳои оқил” (smart lockdowns) истифода намоянд. Аз ҷумла, моҳи июн ҳукумати Германия чораҳои нуқтавии вобаста ба маҳдуд кардани гашту гузорро дар графигарии Гютерсҳол, пас аз хуруҷи оммавии уфунат дар як корхонаи истеҳсоли маводи хӯрокворӣ ҷорӣ намуд.Дар аксари ҳолатҳо, мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ равиши навро пайгирӣ мекунанд – яъне маҳдудиятҳо бо усули нуқтавӣ ва танзими ҷиддии рафту омади одамон ҷорӣ карда мешаванд.Чунин бархӯрд ҳангоми сафарҳои байналмилалӣ истифода мешавад. Италия аз аввали моҳи июн қабули шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупоро оғоз кард, аммо аз 24 июли соли 2020 карантини ҳатмии дуҳафтаина барои сайёҳони Руминия ва Булғористон, ки дар он ҷо шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ дар ҳоли афзоиш аст, ҷорӣ карда шуд. Дар Австралия иёлати Квинсленд маҳдудиятҳои сафарро бо тамоми иёлот, ба истиснои Виктория ва Сидней, ки дар он ҷо ҳолатҳои сироятёбӣ дар ҳоли афзоишанд, лағв кард. Дар Япония ҳукумати Токио аз тарабхонаҳо хоҳиш мекунад, ки то соати 10 шаб баста шаванд (ҳукумати маҳаллӣ ҳақ надорад, ки фаъолияти онҳоро манъ кунад).
АКС аз сомонаи АИБ «Казинформ»