Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ масъалаҳои рушди сайёҳӣ ва хизматрасонии ин соҳаро баррасӣ намуданд

Август 26, 2020 09:51

ДУШАНБЕ, 26.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ  бо соҳибкорону сокинони фаъоли ин минтақаи кӯҳистони мамлакат  доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби соҳибкорон барои бунёд ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ,  истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва сайёҳии аграрӣ дар деҳот баррасӣ гардиданд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вохӯрии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи самараноки Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», рушди соҳа дар минтақаҳо, муайян намудани имкониятҳои мавҷуда, омодагиҳо ба мавсими пасобуҳронӣ, инчунин таҳияи маводи нави иттилоотию сайёҳии шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ гузаронида шуд.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди сайёҳии куҳӣ, варзишӣ, экологӣ ва этнографӣ мусоид мебошад. Дар ноҳия ҷойҳои тамошобоби таърихӣ, мавзеъҳои зебо ва фароғатӣ, аз ҷумла тагобҳои Ревад, Табасмин, Оббурдон, ҳавзи Рогиф Ҳисорак мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.

Ин аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади воридшавии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба низоми бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин дар ҳолест, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчун самти муҳими рушди иқтисоди миллӣ эътироф гардида, бо ба амал баровардани ислоҳоти бозорӣ дар ҷумҳурӣ хизматрасонии бозори сайёҳӣ ба вуҷуд омад, ки имрўзҳо ҳиссаи бахши хусусиро ба худ мегирад. Бо фароҳам овардани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, рушди соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳии ноҳия ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми маҳаллӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Август 26, 2020 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд