Духтур Мясников дар мавриди наҷот ёфтан аз раванди шадиди коронавирус тавсия дод

Август 2, 2020 09:23

ДУШАНБЕ, 02.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Духтур ва барандаи  шабакаи телевизиони  Россия Александр Мясников чораҳоеро, ки метавонанд барои наҷот ёфтан аз раванди шадиди беморӣ ҳангоми сироятёбӣ аз короновирус мусоидат намоянд, номбар намуд. Коршинос хотирнишон намуд, ки   CoViD-19 дар феҳристи сабабҳои маргу мир дар ҷаҳон дар зинаҳои охирин қарор дорад,  — хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «life.ru».

Табиб  аз  муштариён даъват намуд, ки кашидани тамокуро тарк  намуда, лоғар бишаванд. Зеро  кашидани тамоку ва фарбеҳӣ омили хатарзо мебошанд.

Мясников истеъмоли ғизои солим ва камкалорияро пешниҳод менамояд, чунки ин навъи ғизо хатари диабетро, ки ба ҷараёни беморӣ ҳангоми сироят ёфтан аз короновирус таъсир мерасонад, коҳиш медиҳад.

Номбурда зарурати обу тоб додани бадан ва машқҳои ҷисмониро, ҳамчун омилҳои пурқувваттарини таҳкими системаи эминии бадан таъкид намуд. Вай инчунин аз одамон хоҳиш кардааст, ки фишори шараёнии худро назорат ва худро алайҳи зуком, инчунин коронавирус, баробари пайдо шудани ваксинаи он  эм кунанд.Мутахассис дар Telegram навиштааст, ки заҳмати касоне, ки тавсияҳои ӯро иҷро менамоянд барабас нахоҳад рафт, зеро  онҳо аз бемории CoViD-19 дар амон хоҳанд  монд. Ба гуфтаи Мясников, маслиҳатҳои ӯ инчунин барои  пешгирии бемориҳои дил (сактаи мағзи сар ва дил) ва саратон мусоидат хоҳанд кард.Хотирнишон мекунем, ки аз шурӯи пандемия дар ҷаҳон 17,106,007 ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус сабт шудааст. Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зиёда аз 668 ҳазор тан ба асари ин уфунат ҷон бохтаанд.

                                                                     АКС РИА «Новости»

Август 2, 2020 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд