Коршиноси рус дар бораи он ки оё ниқоб, фосила ва витамини D ба пешгирии COVID-19 кумак мекунанд ё не, суҳбат намуд

Август 10, 2020 10:36

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ман ҳамчун як духтур — мутахассис, ки бевосита ба табобати беморони аз коронавирус сироятёфта машғул мебошам, ин чораҳоро (карантинро — шарҳи АМИТ “Ховар”) ба мақсад мувофиқ мешуморам, ҳарчанд ки ман мехоҳам фикри дигар дошта бошам, зеро тамоми маҳдудиятҳои иҷтимоӣ нисбат ба ман низ татбиқ мешаванд. Масалан, ман наметавонам аз меҳмонхона хориҷ шуда, ба қаҳвахонаи наздиктарин биравам, дар боғҳои шумо қадам бизанам, ба осорхонаҳои олиҷаноби шумо биравам ва ғайра, — гуфт ба хабарнигорон  анестезиолог-реаниматологи категорияи дараҷаи олии Федератсияи Россия, номзади илмҳои тиббӣ, роҳбари маркази ОМЭ (Оксигенатсияи мембрании экстракорпоралӣ) Михаил Кетскало 9 август дар як нишасти матбуотӣ дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон дар Тошканд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Kun.uz» хабар медиҳад.

Ба гуфтаи коршиноси рус, ин чораи маҷбурист, зеро ҷамъшавии одамон ба паҳншавии сирояти коронавирус, ки хеле зуд паҳн мешавад, мусоидат мекунад.

«Ба ҳар ҳол, ҳар касе, ки маҷбуран ба утоқе ворид мешавад, ки дар он ҷо одамони дигар ҳастанд ва дар фосилаи наздик қарор доранд, вазифадор аст ниқоб бипӯшад, то худ ва дигаронро муҳофизат кунад, бинобар ин ба ҳар ҳол ниқоб муҳофизат мекунад. Фосилаи иҷтимоӣ, албатта, муҳофизат мекунад. Ва чораҳои карантинӣ, ки ба ҷамъшавии теъдоди зиёди одамон дар баъзе ҷойҳо роҳ намедиҳанд, ҳоло ба мақсад мувофиқанд, сабр бояд кард, то аз ин беморӣ наҷот ёбед», — зикр намуд вай.

Бисёре аз коршиносон даъво мекунанд, ки витамини D дар шакли моеъ барои пешгирӣ  аз сирояти коронавирус кумак мекунад, яъне он барои ба ин беморӣ гирифтор нашудан мадад мерасонад. Дар ин бора Михаил Кетскало чунин гуфт:

«Вақте ки пандемия дар Москва шурӯъ шуд, ман кори худро ҳамчун табиб давом медодам ва чораҳои муайяни пешгирикунандаро, аз ҷумла истеъмоли ҳаррӯзаи витамини D — ро риоя мекардам. Шумо медонед, ки мо дар Москва аз офтоб ҳамчун манбаи ташаккули ин витамин камтар баҳрамандем. Дар ин ҷо (дар Осиёи Марказӣ — шарҳи АМИТ «Ховар»), ба назарам чунин мушкилот вуҷуд надорад. Хусусан ҳоло, дар тобистон, ки ҳама рӯзҳо офтобиянд. Витамини D-ро бо мақсади пешгирӣ истеъмол кунед, агар шумо ба худ боварӣ дошта бошед, ки сироят нахоҳед ёфт, вале ин кор зарурат надорад”.

АКС: «Kun.uz»

Август 10, 2020 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд