Олимон хатари аксуламали эминии баданро дар мубориза бо коронавирус муайян карданд

Август 4, 2020 10:01

ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Коронавирус дар бадани инсон вокуниши шадиди эминӣ ба вуҷуд меорад, ки ба паҳншавии уфунат муқовимат менамояд. Маълумоти олимони Донишгоҳи Сан-Франсиско дар портали MedicalXpress интишор ёфтааст, — хабар медиҳад АМИТ Ховар.

Коршиносон муайян карданд, ки бадан кӯшиш мекунад пас аз чанд дақиқаи сироятёбӣ бо вирус муқовимат намояд. Бинобар ҳамин вокуниши фаврӣ ва шадиди эминӣ дар вуҷуди беморон дар рӯзи 11-уми гирифторӣ аксар вақт дар шакли илтиҳоби шадиди шушҳо инкишоф меёбад, ки бо номи дистресс-синдроми шадиди узвҳои нафаскашӣ (ARDS) маъмул аст.

Дар ҷараёни таҳқиқот олимон инчунин муайян кардаанд, ки коронавирус на танҳо ба ҳуҷайраҳои системаи нафаскашии одам, балки ба узвҳои дигар низ метавонад ворид ва сироят кунад. Вирус тавассути хорҳои сафеда амал мекунад ва садди муҳофизатии ҳуҷайраҳои инсонро ба осонӣ «мебурад». Таҳқиқот нишон дод, ки роҳҳои нафаскашӣ — роҳи осонтарини воридшавии вирус ба бадан мебошанд.

Маълумот дар бораи паҳншавии SARS-CoV-2, ки боиси бемории COVID-19 мешавад, бори аввал охири моҳи декабри соли гузашта пайдо шуда буд. Шаҳри Ухани Чин манбаи сироятёбӣ гардид. Дар тӯли чанд моҳ беморӣ беш аз 210 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Рӯзи 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемияи коронавирусро эълон кард.

АКС: агентии «Москва»

Август 4, 2020 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд