Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандиро тасдиқ намуданд

Август 4, 2020 14:50

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандиро интихоб карданд.

Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ доирашакл буда, гирдогирди рамзро се хат — сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Дар гирди рамз бо забони тоҷикӣ «Камоли Хуҷандӣ» навишта шуда, дар поёни он «700» бо рақам нишон дода шудааст. Инчунин дар поёни акс рамзи шараф низ ҷой гирифтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, ки дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.president.tj) ҷойгир шудааст, васеъ истифода намоянд.

Рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ (JPG)

Рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ (CDR)

Август 4, 2020 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд