СУТ зуҳури ҷавонаҳои сабзи умедро дар пандемияи коронавирус эълом дошт
ДУШАНБЕ, 11.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейюсус гуфт, ки дар вазъи тавсеаи коронавирус дар ҷаҳон нури умед зоҳир шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмон хабар медиҳад.
Мувофиқи гуфтаҳои Гебреисус, аксари одамон аз пандемия андӯҳгинанд ва чунин мешуморанд, ки ин барои тамоми сокинони Замин лаҳзаи мушкил аст. «Аммо ман мехоҳам дар ин масъала рӯшанӣ биандозам: ҷавонаҳои сабзи умед зуҳур мекунанд ва новобаста аз он ки кишвар, минтақа, шаҳр ё шаҳрак дар куҷо воқеъ аст, барои ба ақиб бозгардонидани хуруҷи COVID-19 ҳеҷ гоҳ дер намешавад», — бовар кунонид ӯ.
Ҳамзамон сарфи назар аз он ки коронавирус ба зудӣ нишондиҳандаҳои калони сироятёбӣ ва фавтро убур менамояд, саранҷоми мусбати вазъ аз эҳтимол дур нест.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи мутахассис, дар ин ҳафта шумораи сироятёфтагон ба 20 миллион ва шумораи фавтидагон ба 750 ҳазор мерасад.
Қаблан директори генералии Созмон дар бораи мубориза бо коронавирус мисол оварда буд. «Якчанд кишвар дар минтақаи дарёи Меконг, инчунин Зеландияи Нав, Руанда ва бисёре аз давлатҳои ҷазиравӣ дар Баҳри Қариб ва Уқёнуси Ором тавонистанд, ки тавсеаи вирусро дар марҳилаи ибтидоии он қатъ кунанд», — зикр намуд вай.
Мутобиқи маълумот, то 11 август дар ҷаҳон беш аз 19,9 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва аз ҷумла беш аз 732 ҳазор тан ҷон бохта, 12,1 миллион нафар шифо ёфтаанд. Аксари сироятёфтагон дар ИМА, Бразилия, Ҳиндустон, Россия ва Африқои Ҷанубӣ мебошанд.
АКС: Prashant Waydande / Reuters








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






