Теъдоди фавтидагон бар асари таркиш дар Бейрут то 78 тан афзуд

Август 5, 2020 10:41

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди фавтидагон бар асари  таркиши  шадид дар бандари Бейрут то 78 тан афзуд, зиёда аз чаҳор ҳазор нафар захмӣ шуданд, хабар медиҳад канали телевизионии «Ал – Ҷазира» бо истинод ба Вазорати тандурустии Лубнон.

Дар айни ҳол мақомоти Лубнон  афзоиши теъдоди қурбониёнро  пешгӯӣ мекунад, чунки шумораи зиёди одамон бедарак шудаанд ва аз зери биноҳои харобшуда ҷасадҳо  берун карда мешаванд.

Шоми сешанбе дар минтақаи бандарии Бейрут таркиши  шадид рух дод. Нисфи биноҳои шаҳр осеб дидаанд, беморхонаҳо аз осебдидагон пур  гаштаанд.

Сарвазири Лубнон Ҳасан Дияб нигоҳдории номуносиби 2750 тонна селитраи аммиакро дар бандар дар тӯли шаш сол сабаби  таркиш  номид.

Бо сабаби ин фоҷиа дар Лубнон мотами серӯза эълон шудааст. Президенти кишвар Мишел Аун аз аъзои ҳукумат хоҳиш намуд, ки ба ҷаласаи изтирорӣ ҳозир шаванд, то ин ки дар мамлакат ба муддати ду ҳафта вазъи фавқулода эълон карда шавад.

АКС: http://saint-666.ru/

Август 5, 2020 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд