Теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон аз марзи 25 млн убур намуд

Август 31, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз маълумоти гурӯҳи байналмилалии волонтёрони Worldometer чунин бармеояд, ки дар вуҷуди 25,16 миллион сокини сайёра аллакай коронавирус ошкор шудааст. Тибқи арзёбии онҳо, то субҳи рӯзи якшанбе, 30 август, бар асари бемории COVID-19  846 772 тан ҷон бохта ва зиёда аз 17,5 миллион мариз шифо ёфтааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Deutsche Welle хабар медиҳад.

Шумораи сироятёфтагон дар Аврупои Ғарбӣ вақтҳои охир бо сабаби  бозгашти аврупоиҳо аз рухсатиҳо афзоиш меёбад. Кишварҳо маҷбур шудаанд, ки чораҳои пешгирии уфунатро дубора пурзӯр кунанд. Аз ҷумла, дар  Германия чорабиниҳои бузурге, ки пайгирии тамосҳо дар сурати сироят ёфтан ғайриимкон аст, ҳадди аққал то охири соли равон манъ шудаанд. Венгрия аз 1 сентябр дар байни давлати ИА аввалин шуда, сарҳадҳои худро барои шаҳрвандони хориҷӣ дубора мебандад. Ин иқдом тӯли як моҳ эътибор хоҳад дошт.

Қаблан, марзҳоро ба рӯи хориҷиён — ҳамчунон ба муддати як моҳ Украина баста буд, ки дар он ҷо афзоиши ҳолатҳои сироятёбии тасдиқшуда то 29 август (2481 ҳолат), аз ҳама зиёдтар пас аз нуфузи уфунат ба кишвар гардид. Шумораи умумии сироятёфтагон ба 116 978 нафар расид, 2492 тан аз онҳо ҷон бохта, 56138 нафар сиҳат ёфтааст. Аксари беморони COVID-19 дар вилоятҳои Лвов (14.168), Киев (12.984) ва вилояти Черновтси (9997) сабт шудаанд, зикр намудаааст Вазорати тандурустии Украина.

Дар Россия шумораи сироятёбиҳои нав аз нимаи моҳи август аз марзи  5000 зиёд нашудааст. Тибқи маълумоти ситоди фаврии ин кишвар, то 29 август 985 346 нафар гирифторони коронавирус ошкор шудаанд, 17 025 тан ҷон бохта ва 804.383 нафар шифо ёфтаанд.

Барангезандаи бемории COVID-19 аз замони хуруҷ дар охири соли 2019 дар музофоти Хубэйи Чин ба беш аз 210 кишвар ва қаламрав нуфуз намудааст. Теъдоди бештари сироятёфтагон дар ИМА — 6,13 миллион, Бразилия — 3,84 миллион ва Ҳиндустон -3,53 миллион сабт шудаанд.

АКС аз манобеи озод

Август 31, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маводҳои таҳлилӣ