Ба истифода додани сардхона дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

Сентябрь 1, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сардхонаи ҶДММ “Маркази савдои деҳқон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши кишоварзӣ дидан намуданд.

Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фирӯза Масиева бунёд гардида, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад.

Аз ҷумла, дар сардхона имконият аст, ки 2000 тонна сабзавоту мева ва 1000 тонна дигар намуди маҳсулоти ғизоӣ, ки ниёз ба нигоҳубини хос доранд, захира карда шаванд.

Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, насб гардидаанд. Масоҳати умумии бино 3800 метри муррабаъро ташкил дода, дар он 25 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Сардхонаи нав дорои анборҳои алоҳидаи нигоҳдории молу маҳсулот буда, ҳамчунин дар он барои кашонидани бор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ин иқдом имконият медиҳад, ки дар ҳама фаслҳои сол бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин гарданд. Дар ин баробар, маҳсули дастранҷи деҳқонони мамлакат дар сардхона захира гардида, дар ҳолати афзоиши талабот ба дигар кишварҳо низ содирот мегардад.

Дар оянда иқтидори сардхона ба 4 ҳазор тонна расонида шуда, ҳамчунин дар дохили он сехи коркарди меваву истеҳсоли консерва ба роҳ монда мешавад, ки ба ин васила дар маҷмӯъ 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.

Ҳоло дар шафати сардхона бо истифода аз шароиту имтиёзҳои фароҳамшуда соҳибкор сохтмони маркази хизматрасонии 4-ошёнаро идома медиҳад ва то анҷоми соли ҷорӣ бо тамоми шароити муосир бинои мазкур ба истифода дода мешавад.

Дар ҳудуди иншооти навбунёд ҳамзамон як толори намоишӣ бо масоҳати 600 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд. Дар намоишгоҳ асосан молу маҳсулоте, ки имконияти нигоҳубини онҳо дар сардхона мавҷуд аст, манзур карда шуд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, навъҳои гуногуни ангур, тарбузу харбуза, бодирингу помидор, себу нок ва дигар номгӯи маҳсулот иборат буд.

Таъкид гардид, ки бо роҳандозии дурусти қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат афзоиш ёфта, ҳамчунин дар заминаи қабули барномаҳои давлатӣ майдони боғу токзор васеъ мегардад. Ин раванд имконият фароҳам овард, ки талаботи бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ қонеъ гардида, ҳамчунин содироти он ба кишварҳои мухталифи олам ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид иброз доштанд, ки дар вазъияти баамаломада, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳолати ногувор қарор додааст, рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ва гирифтани чанд ҳосил аз як замин омили асосии таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тоза ба шумор меравад. Масъулинро вазифадор карданд, ки барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз фаъолияти чунин сардхонаҳои замонавӣ самаранок истифода бурда, дар дигар фаслҳои сол низ сабади истеъмолии шаҳрвандонро бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ғанӣ созанд.

Ба истифода додани сардхона дар шаҳри Душанбе 01.09.2020

Сентябрь 1, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд