Аҳтам Абдуллозода: «Соҳаи тандурустии Тоҷикистон иқтидор дорад бо чунин пандемияи мушкилу мураккаб муқовимат намояд ва пирӯз ояд»

Сентябрь 8, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи муқовимат бо бемории COVID-19 нишон дод, ки дар маҷмӯъ соҳаи тандурустии Тоҷикистон иқтидор дорад, то бар зидди чунин як пандемияи мушкил ва мураккаб муқовимат намояд ва пирӯз ояд. Ин нуктаро 7 сентябр муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни ҳамоише, ки дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён дошт.

Зикр шуд, ки  таърихи миллати тоҷик шурӯъ аз давраи Абӯалӣ ибни Сино  то ба имрӯз  бори дигар исбот намуд, ки тандурустӣ  муҳимтарин соҳа  дар рушди давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро таъмини саломатии аҳолӣ яке аз рукнҳои асосии  амнияти давлат ва пешрафти он маҳсуб меёбад.

Аҳтам Абдуллозода инчунин аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат имрӯз барнома, стратегия, консепсия ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавию стратегии рушди соҳаи тиб қабул гардида, онҳо дар рушди соҳа таъсири амиқ мегузоранд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳозиринро бо  29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастгириҳои бевоситаи давлату ҳукумат нисбат ба соҳаи тандурустӣ дар давраи истиқлолият ёдовар шуд.

Сентябрь 8, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон