Дар ҷаҳон афзоиши рекордии сироятёбӣ аз коронавирус сабт гардид

Сентябрь 7, 2020 08:34

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон ҳодисаи афзоиши рекордии шабонарӯзии шумораи ҳолатҳои ташхисшудаи сироятёбӣ аз коронавируси SARS-Cov-2 сабт гардид, шарҳ дода буд омори ҷаҳониро рӯзи якшанбе, 6 сентябр, Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба dw.com.

Дар тӯли 24 соат 304 ҳазору 626 ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст. Рекорди қаблӣ 14 август қайд ва дар он рӯз 304 351 ҳодисаи сироятёбӣ сабт шуда буд.

Дар айни замон, шумораи ҳолатҳои фавти беморон дар як шабонарӯз тақрибан ду маротиба кам шудааст. Агар рӯзи 14 август 10 135 тан бемори сироятёфта ҷон бохта бошад, пас давоми 24 соати охир дар ҷаҳон 5637 нафар фавтидаанд.

Аз оғози пандемия, вирус дар вуҷуди 26.882.530 нафар ташхис шудааст (маълумот дар вақти интишор таҷдид шудааст), 879.580 тан аз бемории COVID-19, ки ангезандаи он вирус мебошад, ҷон бохтааст.

Аз ҳама бештар ҳолатҳои сироятёбӣ ва фавт дар ИМА сабт шудаанд: дар вуҷуди 6,2 миллион нафар коронавирус ташхис шудааст ва 188.5 ҳазор тан ҷон бохтаанд. Дар ҷои дуюм — Бразилия мебошад ва дар он ҷо 4,1 миллион ҳолати сироятёбӣ сабт ва 126,2 ҳазор тан ҷон бохтааст. Баъдан, Ҳиндустон, дар он ҷо зиёда аз 4,1 миллион сироят сабт ва 70,6 ҳазор тан ҷон бохтааст. Дар айни замон дар Ҳиндустон шумораи ҳаррӯзаи сироятёфтагон бо суръат афзоиш меёбад.

Россия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар мавқеи чорум ва теъдоди онҳо зиёда аз як миллион аст ва аз рӯи омори расмии фавтидагон дар ҷои 12 қарор дорад — 17820 тан.

 

АКС аз Reuters

Сентябрь 7, 2020 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон