Дар Душанбе масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ баррасӣ гардид

Сентябрь 14, 2020 16:12

ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили  Сомонӣ   ҷиҳати  иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 июни соли 2020  дар бораи омодагӣ ба даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993 – 2002 ба хизмати ҳарбӣ дар давраи тирамоҳ  таҳти раёсати муовини Раиси шаҳр, Раиси комиссияи даъвати шаҳри Душанбе  Умед Гуреззода ҷаласаи корӣ доир гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, дар  ҷаласаи  мазкур  ҳисоботи раисони комиссияҳои даъватии  ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ  ва Синои пойтахт  аз ҷараёни  корҳои анҷомёфта  дар самти тарғибу ташвиқ миёни ҷавонони синни даъватӣ ва волидайни онҳо шунида шуд.  Ҳамзамон сардорони Сарраёсати маориф, РВКД, раёсатҳои тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, комиссариатҳои ҳарбии шаҳриву ноҳиявӣ, комиссияи даъватии тиббӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа», Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ТВ «Душанбе»  оид ба иҷрои супоришҳои дар қарори дахлдори Раиси шаҳр   дарҷгардида вобаста  ба самти муташаккилона сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ гузориш доданд.

Раиси Комиссияи даъвати шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ба масъулин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ  ва бо риояи беҳдоштӣ баргузор намудани маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 9 июни соли равон нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ гардида буд.

Тибқи қарори мазкур, муовини Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе вазифадор гардида буданд, ки  омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд ва ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то 25 сентябри соли 2020 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводи лозимӣ (либос, маводи гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд.

Ҳамчунин дар қарори мазкур зикр шудааст, ки барои сари вақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ- даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро таъмин намоянд.

Сентябрь 14, 2020 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид