КОРШИНОСИ СММ: Тоҷикистон авҷи бемории COVID-19-ро дар моҳи май сипари кард ва мавҷи дуюми он нахоҳад омад

Сентябрь 7, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар тирамоҳи имсола ба Тоҷикистон хатари вазъи фавқулодаи эпидемиологӣ таҳдид намекунад ва эҳтимолан ҷумҳурӣ ба мушкилоти вобаста ба COVID-19, ки кишварҳои ҳамсоя бо онҳо дучор шуданд, гирифтор нахоҳад шуд, гуфт 4 сентябр дар брифинг дар Душанбе, мушовир-коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — таҳқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Пастери Санкт-Петербург оид фаъолиятҳои инноватсионӣ Александр Семёнов.

«Афзоиши баланди бемории COVID-19 дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон бо ягон вируси нав иртибот надорад. Ин вазъият ба ҷамъшавии аз ҳад зиёди беморон ва мавҷудияти доимии дастгоҳҳои табобати оксигенӣ ва дастгоҳҳои фаоъоли рентгенӣ дар клиникаҳо вобастагӣ дорад», — чунин назар дорад коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишварҳо аз як тараф гузариши эпидемия ба марҳилаи рушди баланд ба амал омад ва аз тарафи дигар — беморхонаҳо барои қабули беморон ва расонидани кумаки ихтисосӣ, ки беморони гирифтори сирояти коронавирус ба он ниёз доранд, комилан омода набуданд.

«Азбаски Тоҷикистон ба ин марҳила пештар ворид шуда буд, ҷумҳурӣ ба мавсими фарорасии афзоиши уфунатҳои роҳи нафас омодагии беҳтар дорад. Тоҷикистон соҳиби садҳо генераторҳои оксигении вориднамудаи СУТ шудааст ва онҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар минтақаҳо тақсиму насб ва табибон омӯзонида шудаанд. Дуввум, омодасозии кормандони тиб дар сатҳи баланд сурат гирифт, Тоҷикистон мутахассисони хуб дорад, онҳо мефаҳманд, ки чӣ кор кунанд, чӣ тавр табобат кунанд», — гуфт Семёнов.

Ба фикри коршинос, аз ин ки дар Тоҷикистон суботи сатҳи сироятёбӣ ҳифз мешавад, ба он вобаста аст, ки ҷумҳурӣ авҷи бемориро дар миёнаи моҳи май «ҷаҳида гузашт».

«Як қабати муайяни эминӣ пайдо шудааст, одамон бемориро аз сар гузаронидаанд, онҳо бемор намешаванд. Теъдоди «сайдҳо» -и вирус коҳиш ёфтааст, пайдо намудани одамон барои сироят кардан душвортар шудааст. Чизи аз ҳама душвор дар ин  шароит- ин баланд бардоштани иқтидори озмоишгоҳҳо буд, чунки ин бисёр кори гарон аст ва омӯзонидани кормандон вақти зиёд талаб мекунад. Аммо мо вақт дорем, ки ин корҳоро ба анҷом бирасонем ва аз ин лиҳоз ман аз фарорасии мавсими тирамоҳ хушбин ҳастам”, — зикр кард олим.

Вай гуфт, ки дар тӯли 2,5-3 моҳ Тоҷикистон миқдори озмоишҳоро 2,5 маротиба афзоиш дод: «Дар моҳи май 500-700 санҷиши тестӣ  дар як рӯз гузаронида мешуд, ҳоло то 2500 санҷиш дар як рӯз». Ба гуфтаи вай, дар ибтидои пандемия дар мамлакат танҳо як озмоишгоҳи ташхиси COVID-19 дар Душанбе вуҷуд дошт, ҳоло чунин озмоишгоҳҳо 9 адад буда, дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ мавҷуданд.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, иқтидори лабораторияҳои ҷумҳурӣ бояд зиёд карда шавад.

«Мо чунин мешуморем, ки миқдори санҷишҳои тестӣ дар як рӯз бояд то 4,5 ҳазор — 5 ҳазор зиёд карда шавад. Он гоҳ ин кор мувофиқи табъ хоҳад буд», — зикр намуд Семёнов.

«Дар маҷмӯъ, ман вазъи Тоҷикистонро ҳоло мусоид, идорашаванда ва босубот арзёбӣ мекунам. Тамоюл хеле мусоид аст. Аммо Тоҷикистон набояд ба сустӣ роҳ диҳад. Ҳар чизе, ки то ин замон карда шудааст, дуруст карда шудааст. Ва ин натиҷа дод. Мо бояд се-чор моҳи дигар то пайдо шудани ваксина, то пайдо шудани дору сабр кунем”, — тавсия медиҳад коршинос.

Бори аввал мақомоти Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ бо коронавируси навро 30 апрел тасдиқ карданд. То 6 сентябр шумораи умумии беморони COVID-19 дар мамлакат ба 8792 нафар расид. Аз оғози пандемия 70 тан бар асари коронавирус ҷон бохта, 7781 нафар ё 86,2% беморон шифо ёфтаанд.

 

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 7, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад