Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ҳавзи моҳипарвариро дар ҶДММ «Рахшона» мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 15, 2020 12:42

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарвариро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» мавриди истифода қарор доданд.

Масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад. Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як 1 гектар 2,5 ҳазор моҳӣ ва дар ҳамаи ҳавзҳо 101,8 ҳазор моҳӣ мебошад.

Тибқи маълумоти роҳбари хоҷагии моҳипарварӣ Шуҳрат Мамадҷонов, ҳавзи моҳӣ дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ҷойгир буда, барои парвариши моҳӣ ва ба роҳ мондани соҳаи сердаромад хеле мувофиқ мебошад.

Моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳомии «Моҳии тоҷик»- и вилояти Суғд дастрас гардиданд. Дар кӯлҳои моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан навъи моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешавад.

Даромад аз фурӯши моҳиҳо як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.

Дар ҳудуди хоҷагӣ ба ғайр аз моҳипарварӣ дар майдони зиёда аз 30 га боғҳои меваҳои гуногун, заминҳои корам ва парвариши юнучқа барои хӯроки моҳӣ ташкил карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони ҷамъият барои ташкили дурусти кор, рушд додани соҳаҳои моҳипарварӣ ва боғдорӣ, ки аз бахшҳои сердаромади иқтисоди миллӣ ба шумор мераванд, дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Ба истифода додани ҳавзи моҳипарварӣ дар ҶДММ “Рахшона”-и ноҳияи Ашт 15.09.2020

Сентябрь 15, 2020 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд