35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад

Июль 1, 2025 09:28

ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен 635 иншоот сохта ба истифода дода мешавад. То имрӯз 543 иншоот мавриди истифода  қарор гирифтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Барои ободии макони зист бо ташаббуси сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев беш аз 1 километр роҳҳои байни маҳалла мумфарш мегарданд. Ҳамчунин дар ин ҷамоат бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ як бинои чорошёнаи муосир сохта мешавад, ки ду ошёнаи он барои  кӯдакистон ва ду ошёнаи дигар барои  мактаб пешбинӣ шудааст. Дар кӯдакистон 150 нафар ва дар мактаб 336 нафар кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Спитамен 38 мактаб ва 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Афзоиши шумораи аҳолӣ талаб мекунад, ки ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ диққати бештар равона гардад.  Аз ҷумла, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 барои 1240 хонанда дар ду баст бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ шуда истодааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 1, 2025 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд