СУРАТ-ДАЛЕЛ. Имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон дар муқоваи рӯзномаи The New York Times
ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи амрикоии The New York Times дар муқовааш аз 3 сентябри соли равон аксеро аз ҷараёни имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Ӯзбекистон чоп намудааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
«Даҳҳо ҳазор ҷавонон рӯзи чоршанбе (3 сентябри соли 2020. Имтиҳонҳо 2 сентябр оғоз шуданд — тавзеҳи АМИТ «Ховар»), бо назардошти пандемияи коронавирус, ба хотири дар ҳамои кушод супоридани имтиҳонҳои дохилшавии донишгоҳо ба майдонҳои варзишӣ дар саросари Ӯзбекистон раҳсипор шуданд.
Дар санҷишҳои дохилшавӣ, ки ду ҳафта идома хоҳанд кард, беш аз 1,4 млн. довталаб ширкат меварзанд. Онҳо барои тақрибан 150,000 ҷой дар донишгоҳҳо аз рӯи низоми мутамаркази қабул рақобат мекунанд», омадааст дар хабари New York Times.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» муайян намуд, имтиҳонҳо дар ду баст гузаронида мешаванд: басти аввал аз соати 8:00 то 11:00, басти дуввум аз соати 17:00 то 20:00 идома меёбад. Қабули довталабон субҳ аз соати 6:30, нисфирӯзӣ аз соати 15:30 оғоз меёбад. Дар саросари кишвар 65 бахш (40 варзишгоҳ ва 25 майдони кушод) барои имтиҳонҳои дохилшавӣ омода карда шудаанд. Илова ба иншооти варзишии кушод ба ин рӯйхат боғҳо низ дохил мешаванд.