ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 267-умин рӯзи соли 2020 аст
23 сентябри соли 2010 дар ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карданд.
***
11 сол пеш, 23 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон муколама баргузор гардид.
***
23 сентябри соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» таъсис дода шуд.
23 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Иди миллӣ – Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ.
***
Иди миллии шикорчиён ва моҳигирони ИМА.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи забони давлатӣ.
***
Дар Япония – Рӯзи эътидоли шабу рӯзи тирамоҳ.
РӮЙДОДҲО:
23 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Россия баргузор гардид.
***
23 сентябри соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии Стратегияи ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1986 Конгресси ИМА садбаргро ҳамчун гули миллии кишвар интихоб намуд.
***
23 сентябри соли 1989 забони озарӣ дар Озарбойҷон забони давлатӣ эълон карда шуд.
***
21 сол пеш, 25 сентябри соли 1998 Шӯрои Амнияти СММ бо қабул намудани як қарор Ҳукумати Югославияро барои қатъ кардани амалиёти ҳарбӣ дар Косово уҳдадор кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1894 аввалин иттифоқи касабаи Франсия ташкил карда шуд.
***
Соли 2008 аввалин нусхаи низоми амалиётии «Android» рӯнамоӣ гардид.