ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2020 аст

Сентябрь 24, 2020 08:00

24 сентябри соли 2009 дар ИМА миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Америка кору зиндагӣ мекунанд, суҳбати озод баргузор гардид.

***

10 сол пеш, 24 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Америка  оид ба Афғонистон, Сарвазири Япония ва Сарвазири Тайиланд мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2004  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҷоизаи адабиёти Россия- «Марғзори равшан» сарфароз гардонида шуд.

 24 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Камбоҷа – Рӯзи Конститутсия.

 РӮЙДОДҲО:

24 сентябри соли 2009 дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинев Форуми 4-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 сентябри соли 1923 маҷмааи табъу нашри «Московская правда» таъсис дода шуд.

***

72 сол муқаддам, 24 сентябри соли 1948 ширкати «Хонда мотор» («Honda Motor Co») таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 Свазиленд ба узвияти СММ қабул карда шуд.

***

24 сентябри соли 1972 дар раъйпурсии Норвегия 53,5% иштирокдорон ба муқобили шомилшавии мамлакат ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо овоз доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1953 дар Ҳолливуд аввалин филми манзаравӣ ба намоиш гузошта шуд.

***

Соли 1998 дар Франсия аввалин маротиба ҷарроҳии насб кардани дасти як нафар ба шахси дигар анҷом дода шуд.

Сентябрь 24, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, душанбе, 223-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, якшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, шанбе, 221-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, ҷумъа, 220-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, панҷшанбе, 219-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, чоршанбе, 218-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, якшанбе, 215-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, шанбе, 214-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, ҷумъа, 213-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 июл, панҷшанбе, 212-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июл, чоршанбе, 211-умин рӯзи соли 2025 аст