Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ташкили парвозҳои иловагии интиқоли шаҳрвандон аз Россия хабар дод
ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қарор қабул кард, ки аз 16 то 30 сентябри соли 2020 ширкати ҳавопаймоии ватании «Сомон Эйр» 71 парвози чартерӣ анҷом диҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки парвозҳои чартерӣ пас аз дарёфти мувофиқаи мақомоти Россия сурат мегиранд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии мамлакат таъкид намуданд, ки ҳамватаноне, ки мехоҳанд ба Ватан бозгарданд, бояд маълумотнома дар бораи надоштани сирояти коронавирус (COVID-19) дошта бошанд, ки бо роҳи озмоиши тестӣ бо усули таомули занҷири полимеразӣ (ПТР) гирифта шуда ва на дертар аз 96 соат (4 рӯз) пеш аз расидан ба Тоҷикистон дода шуда бошад. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод карда мешаванд.
Вазорат иттилоъ медиҳад, ки вақтҳои охир намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳолатҳои аз Россия бозгаштани ҳамватанонро бо маълумотномаҳои қалбакӣ дар бораи надоштани сирояти коронавирус ошкор ва пешгирӣ мекунанд.
«Дар ин робита, мо ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат мерасонем, ки тибқи тағйироти охирин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қасдан паҳн кардани бемориҳои сироятӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Шахсоне, ки мавҷудияти ин гуна бемориҳоро пинҳон мекунанд ва дар бораи надоштани сироят ҳуҷҷатҳои тиббии қалбакӣ пешниҳод менамоянд, тибқи тағйироти дар боло зикршуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешаванд», — иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои шомил шудан ба рӯйхати парвозҳои чартерӣ комиссияҳои махсусе, ки дар назди сафоратхона дар Москва ва консулгариҳои генералӣ дар Россия фаъолият мекунанд, тартиб дода мешаванд. Дар баробари ин, афзалият мисли пештара ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, инчунин шахсоне дода мешавад, ки қаблан бо мақсади сафари хизматӣ ба Россия рафтаанд.
Ҳамватанон метавонанд аризаҳояшонро барои бозгашт ба ватан дар шакли электронӣ ба charter-russia@mfa.tj барои баррасии минбаъда дар комиссияҳои номбурда фиристанд.
Ҳамин тариқ, дар давраи аз 16 то 30 сентябри соли 2020 парвозҳои зерини интиқолӣ ба нақша гирифта шудаанд:
— 16 сентябри 2020 с., Екатеринбург-Душанбе;
— 16 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 16 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 16 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 17 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;
— 17 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 17 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 17 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 17 сентябри 2020 с., Новосибирск-Душанбе;
— 18 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 18 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 18 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 18 сентябри 2020 с., Уфа-Душанбе;
— 19 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 19 сентябри 2020 г., Москва-Душанбе;
— 19 сентябри 2020 сс., Москва-Душанбе;
— 19 сентябри 2020 с., Краснодар-Душанбе;
— 20 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 20 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 20 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 20 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;
— 20 сентябри 2020 с., Екатеринбург-Душанбе;
— 21 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 21 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 21 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 21 сентябри 2020 с., Иркутск-Душанбе;
— 22 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 22 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 22 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 22 сентябри 2020 с., Новосибирск-Душанбе;
— 22 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;
— 23 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 23 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 23 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 23 сентябри 2020 с., Красноярск-Душанбе;
— 23 сентября 2020 с., Сургут-Душанбе;
— 24 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 24 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 24 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 24 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;
— 24 сентябри 2020 с., Новосибирск-Душанбе;
— 25 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 25 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 25 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 25 сентябри 2020 с., Уфа-Душанбе;
— 25 сентябри 2020 с., Краснодар-Душанбе;
— 25 сентябри 2020 с., Екатеринбург-Душанбе;
— 26 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 26 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 26 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 26 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;
— 27 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 27 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 27 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 27 сентябри 2020 с., Екатеринбург-Душанбе;
— 27 сентябри 2020 с., Новосибирск-Душанбе;
— 28 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 28 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 28 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 28 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;
— 29 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 29 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 29 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 29 сентябри 2020 с., Новосибирск-Душанбе;
— 29 сентябри 2020 с., Сургут-Душанбе;
— 30 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 30 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 30 сентябри 2020 с., Москва-Душанбе;
— 30 сентябри 2020 с., Санкт-Петербург-Душанбе;
— 30 сентябри 2020 с., Уфа-Душанбе;
— 30 сентябри 2020 с., Екатеринбург-Душанбе;








Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд






