Ёсихидэ Суга сарвазири нави Япония интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси нави ҳизби ҳокими Либерал-Демократии Япония Ёсихидэ Суга имрӯз дар мансаби сарвазир тасдиқ шуд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба пахши овоздиҳии мустақим дар сайти мақоми қонунгузор хабар медиҳад.
Ин номзадро аксари вакилони палатаи калидии поёнии парлумон дастгирӣ намуданд. Мувофиқи конститутсия, сухани он дар интихоби сарвари ҳукумат ҳалкунанда аст. Ба тарафдории Ёсихидэ Суга аз 462 вакили палатаи поёнӣ 314 нафар овоз дод, илова бар ин, ӯ аксарияти овозҳоро дар палатаи болоӣ ба даст овард.
Дар соатҳои наздик сарвазири нав ҳайати кобинаи худро эълом хоҳад кард. Интизор меравад, ки аксари мансабҳои калидиро вазироне ишғол мекунанд, ки дар ҳайати ҳукумати охирини Синдзо Абэ шомил буданд. Ҳамин тавр, вазири корҳои хориҷӣ Тосимитсу Мотэги, вазири молия Таро Асо, вазири заминҳои давлатӣ, инфрасохтор, нақлиёт ва сайёҳӣ Кадзуёси Акаба, инчунин вазири Корҳои олимпӣ ва Паралимпӣ Сэйко Хасимото ва вазири эҳёи иқтисодии кишвар Ясутоси Нисимура дар вазоифи пештараи худ боқӣ хоҳанд монд. Вазири иқтисод, савдо ва саноат Хироси Кадзияма, ки дар ҳукумат масъули рушди робитаҳои иқтисодӣ бо Россия мебошад, аз нав таъйин мешавад.
Дар анҷумани Ҳизби либерал-демократӣ, ки 14 август дар Токио доир гардид, Ёсихидэ Сугаи 71-сола бо аксарияти оро раиси нави ҳукумат интихоб шуд.
ДАР АКС: Ёсихидэ Суга. Фото Reuters








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






