«Амонатбонк» ва Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Октябрь 1, 2020 14:40

ДУШАНБЕ, 01.10.20 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва  Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шартнома оид ба шартҳои умумии гузаронидани амалиёти банкнотӣ ба имзо расонида шуд, ки ҳадафаш  ба роҳ мондани амалиёти банкнотӣ миёни  бонкҳо мебошад.

Санади мазкурро  Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва  Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Мирсоатов  имзо карданд. Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ Сироҷиддин Икромӣ ва Алишер Мирсоатов масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байнибонкии ду давлати дӯст, аз ҷумла, афзоиш додани  гардиши савдои байни ду давлат тавассути  зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкороне, ки ки ба воридоти молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум машғуланд ва масъалаҳои марбут ба коҳиши эҳтимолии фоизи қарзҳои байнибонкиро матраҳ намуданд.

Ҳамзамон Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Алишер  Мирсоатов бо фаъолияти дафтари марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» шинос гардид.

Сафари Алишер Мирсоатов ба Душанбе дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он    масъалаҳои марбут ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ,  соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, содирот ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.

Октябрь 1, 2020 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд