Дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ризо Назарзода иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони мамлакат бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб гузоранд. Онҳо барои ободию шукуфоии ватанамон хидматҳои софдилона намуда, баҳри тараққиёти мамлакат ҷидду ҷаҳд намоянд.
«Яке аз падидаҳои бисёр ҳам номатлуби ҷаҳони имрӯза- ин гаравиши бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Аз ин рӯ яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии онҳо мебошад»,- гуфт номбурда.
Корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Каримҷон Салимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур-ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва дар замири ҷавонон бедор намудани ифтихори миллӣ мебошад. Зеро дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу бум, гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ ва пос доштани истиқлол вазифаи асосии насли ҷавони ояндасоз ба ҳисоб меравад».
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, баргузории он дар дигар муассисаҳои олии мамлакат дар назар аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






