Дар Душанбе боз 100 адад троллейбусҳои муосири истеҳсоли ширкати «Белкоммунмаш» ба мусофирон хизмат мерасонанд
ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. То охири соли равон дар хатсайрҳ ои шаҳри Душанбе боз 100 адад троллейбусҳои муосири тамғаи 321 00 D, ки истеҳсоли ширкати «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус мебошанд, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд. Айни замон 60 адад троллейбусҳои муосир ба шаҳр ворид гардида, моҳи декабри соли равон дастрасии 40 адади дигари он пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе харидории 300 адад автобусҳои муосир, аз ҷумла автобусҳои дуқабатаро дар нақша дорад. Иқдоми харидории троллейбусҳои нав баъди аз озмоиш гузаштани 4 адад троллейбусҳои истеҳсоли ширкати мазкур, ки моҳи майи соли гузашта ба Душанбе оварда шуда буданд, сурат гирифтааст. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷиии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Ин троллейбусҳои муосир бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Онҳо аз лиҳози харҷи камтари неруи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ бартарияти зиёд доранд. Мусофиркаши мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи неруи барқ мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ неруи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд», — афзуд манбаъ.
Арзиши як адад чунин троллейбус қариб 250 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад. Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборатанд, ки барои фаъолияти ронандагон мувофиқ мебошанд.
Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.
Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидааст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи зарурӣ поёну боло карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки троллейбусҳои истеҳсолнамудаи ширкати «Белкоммунмаш» дар ҳамаи минтақаҳои Беларус фаъол буда, инчунин ширкат бо Қирғизистон, Россия, Украина, Молдова, Руминия, Сербия, Аргентина, Колумбия ва дигар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.
Мақсад аз ворид намудани чунин нақлиёти замонавӣ ба шаҳри Душанбе — кам кардани танбашавии ҳаракат дар роҳҳои пойтахт мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар кӯчаи марказии пойтахти Тоҷикистон – хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе нахустин маротиба 1 майи соли 1955 троллейбусҳои аввалин ба ҳаракат даромада буданд.
Хотиррасон менамоем, ки барои навсозии инфрасохтори троллейбусҳои шаҳри Душанбе Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) 8 миллион доллар ҷудо намуд, ки маблағи мазкур барои таъмири зеристгоҳҳои мавҷуда, насби ноқилҳои фидерӣ, инчунин хатҳои троллейбус ва пойгоҳҳои он равона гардидааст.
Барқарорсозии инфрасохтори троллейбусҳо ба рушди соҳа ва беҳтар гардидани фаъолияти ин воситаи мусофиркаш мусоидат карда, имкон фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз хизматрасонии ин нақлиёти каммасрафи ҷамъиятӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза бештар истифода баранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ “Ховар”











Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






