Фирӯза Шарифӣ: «Фалак ормон, орзу, ишқ, муҳаббат ва ифодакунандаи розҳост»

Октябрь 9, 2020 16:29

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи фалак, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 10 октябр таҷлил мешавад, дар Кохи фарҳангии шаҳри Бохтар ҳамоиши идона доир гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон  Фирӯза Шарифӣ аҳли ҳунар ва алоқамандони ин жанри мусиқии суннатиро шодбош гуфта, иброз намуд, ки дар сиёсати созандаю бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг ҷойгоҳи хос дошта, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

“Дар баробари рушди дигар жанрҳои адабӣ-бадеӣ ва фарҳангӣ фалак ва шашмақом ҳамчун мусиқии суннатӣ соҳибмақом буда, аз фарҳанги волои миллати тоҷик дар масири таърих дарак медиҳанд”,-афзуд ӯ.

«Фалак яъне ормон, орзу, ишқ, муҳаббат, ифодакунандаи розҳо буда, аз даврони хеле дур дар байни мардум маҳбубият дорад. Инсонҳо тавассути ин жанр рози худро ба воситаи навозиши асбоби миллӣ, аз ҷумла дутор, най, ҳамчунин тариқи шифоҳӣ баён менамоянд», — зикр намуд Ф. Шарифӣ.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамдакат дар баробари дигар арзишҳои миллию фарҳангӣ фалак ва шашмақом мақоми хосса касб карда, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ ҳар сол 10 октябр Рӯзи фалак дар сар то сари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин ҷашн рамзи арҷгузорӣ ба санъати волои миллӣ буда, дар пешрафти ин риштаи фарҳанг нақши шоиста мегузорад.

Дар анҷом ҳамоиши идонаро барномаи ҷолиби фарҳангии аҳли ҳунар ҳусну шукӯҳ бахшид.

Октябрь 9, 2020 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид