«Истиқлол ва шукргузорӣ дар ҳикмати давлатдорӣ»-таҳти чунин унвон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори таърихии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Истиқлол ва шукргузорӣ дар ҳикмати давлатдорӣ” семинари машваратӣ баргузор гардид. Ҳамоиш аз ҷониби вакили мардумӣ Зайниддин Сафарзода баргузор карда шуд, ки дар он кормандони дастгоҳ, мушовирони кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Зайниддин Сафарзода мақсади баргузор намудани семинари мазкурро шинохти Истиқлоли давлатӣ ва дарки ҳикмати давлатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки шинохти истиқлоли давлатӣ ва дарки арзишҳои маънавии соҳибдавлатӣ миллати моро аз вартаи носуботиҳо эмин дошта, рӯз то рӯз мамлакатро ба пешрафту тараққиёт ноил менамояд.
Зайниддин Сафарзода ҳамзамон вазъи кунунии ҷаҳони муосир, бархӯрди неруҳои ифротию террористӣ ва аъмолу дасисаҳои ҳизбҳои хиёнатпешаро шарҳу тафсир намуда, асоситарин роҳи муқобилият бо неруҳои ифротию террористиро муттаҳид шудани ҷомеаи ҳар як кишвар номид.
Дар интиҳои маърӯзаи вакил аз ҷониби иштирокдорон муҳокимаронӣ сурат гирифт.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






