Кишоварзони Левакант 2411,2 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Левакант то охири моҳи сентябр ба хирмани мамлакат 2411,2 тонна пахта супориданд, ки ин 100,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ медиҳад.
Тавре аз бахши кишоварзии шаҳри Левакант хабар доданд, имсол деҳқонон нақша доштанд, ки 2410 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Ҳосил дар саҳро назар ба солҳои гузашта фаровон мебошад ва аз ҳар гектар ба миқдори 22,2-сентнерӣ пахта ҷамъоварӣ гардид. Ҳоло маъракаи ҷамъоварии пахта идома дошта, хоҷагидорон кӯшиш карда истодаанд, ки пахтаи дар саҳробударо бе талаф ҷамъ оваранд.
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии мамлакат оид ба ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, то охири моҳи сентябр вилояти Хатлон 39,4 фоиз ва вилояти Суғд 19,3 фоизи нақшаи дурнаморо иҷро намудаанд.








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






