Кишоварзони Левакант 2411,2 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд

Октябрь 7, 2020 10:04

 ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Левакант то охири моҳи сентябр ба хирмани мамлакат 2411,2 тонна пахта супориданд, ки ин 100,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ медиҳад.

Тавре аз бахши кишоварзии шаҳри Левакант хабар доданд, имсол деҳқонон нақша доштанд, ки 2410 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.  Ҳосил дар саҳро назар ба солҳои гузашта фаровон мебошад ва аз ҳар гектар ба миқдори 22,2-сентнерӣ пахта ҷамъоварӣ гардид. Ҳоло маъракаи ҷамъоварии пахта идома дошта, хоҷагидорон кӯшиш карда истодаанд, ки пахтаи дар саҳробударо бе талаф ҷамъ оваранд.

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии мамлакат оид ба ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, то охири моҳи сентябр вилояти Хатлон 39,4 фоиз ва вилояти Суғд 19,3 фоизи нақшаи дурнаморо иҷро намудаанд.

Октябрь 7, 2020 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?