ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйиёбандаи бебориш дар назар аст. Танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






