Ситоди доимамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар як шабонарӯз се маротиба онлайн доир мегардад

Октябрь 9, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ситоди доимамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  Ҷамолиддин Абдуллозода дар як шабонарӯз се маротиба — соатҳои 08:00-и субҳ, 18:00-и бегоҳ ва 00:00-и шаб  тариқи онлайн доир мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Тамоми кормандони муассисаҳои кумаки аввалини  тиббию санитарӣ муваззаф гардидаанд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорат  дар маҳалҳои аҳолинишин гардишҳои  хонагӣ анҷом  диҳанд. Аз ин рӯ, тибқи нақшаи чорабиниҳо,  сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамарӯза  дар ҷаласаи ситод  ба таври онлайн иштирок намуда, аз натиҷаи гардишҳо ба роҳбарони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  маълумот пешниҳод менамоянд.

Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамарӯза ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати гирифторони COVID-19 таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани гардишҳои хонагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии дар як шабонарӯз се маротиба баргузор шудани  ситоди вазорат ва гардишҳои ҳамарӯзаи хонагӣ дарёфти беморони COVID-19 ва сари вақт ба ташхису табобат фаро гирифтани онҳо мебошад.

Октябрь 9, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд