ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2020 аст

Октябрь 6, 2020 08:00

6 октябри соли 2015 дар шаҳри Сочӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин масоили ҳамкории дуҷонибаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

***

18 сол қабл, 6 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе Форуми байналхалқии Фонди ҳифзи Арал доир гардида, дар хотимаи он Эъломия қабул шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гардиданд.

6 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист.

***

Дар Туркманистон рӯзи гиромидошт.

***

Дар Миср рӯзи артиш.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ханда (лабханд).

РӮЙДОДҲО:

 6 октябри соли 2016 дар Маркази таърихӣ — фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали «Оши палов» доир гардид.

***

88 сол муқаддам, 6 октябри соли 1932 фабрикаи шоҳибофии Душанбе, ҳоло комбинати шоҳибофӣ ба кор оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 дар Беларус Ҳафтаи адабиёти тоҷик кушода шуд.

***

6 октябри соли 1920 Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро ташкил ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1948 дар Ашқобод заминҷунбӣ бо шиддати 9 балл рух дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҷаласаи аввалини якҷояи вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Миёна баргузор гардид.

***

Соли 1866 дар таърихи ИМА бори аввал дар қатора дуздӣ сурат гирифт, ки дар он бародарон Рено беш аз 10 ҳазор долларро рабуданд.

Октябрь 6, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш