Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Президенти Венгрия Янош Адер дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент,
Иҷозат фармоед, ки аз номи шаҳрвандони Венгрия ва аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон табрик намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таъмини амният ва суботи минтақаи Осиём Марказӣ нақши калидӣ мебозад. Ба Шумо итминон медиҳам, ки Венгрия минбаъд низ ба рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба, инчунин таҳкими ҳамкории байни ду кишвари дӯст содиқ хоҳад монд.
Ҷаноби Президент, ба Шумо саломатии бардавом ва дар кори пурмасъулиятатон муваффақиятҳои беназир таманно дорам».
Дар табрику таҳнияти Президенти Украина Владимир Зеленский чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Ғалабаи Шумо дар интихоботи кунунӣ далели боварии мардуми тоҷик ба Шумо ва дастгирии васеи роҳи интихобкардаи сиёсиву иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак мо метавонем ҳамкории байни кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардорем, ки ба манфиатҳои ҳарду кишвар созгор аст.
Аз ин фурсати хурсандибахш истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва дар фаъоляти пурмасъулиятатон минбаъд ҳам муваффақият, ба мардуми дӯсти тоҷик бошад, сулҳ, ризоият ва шукуфоӣ орзумандам».
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Ҷейр Месиас Болсонаро чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз номи мардум ва Ҳукумати Бразилия, Шуморо Ҷаноби Олӣ, барои аз нав интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику муборакбод менамоям.
Ба Шумо, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳоятон дар марҳилаи нав, муваффақияти комил таманно намуда, Шуморо дар бораи қатъияти қарорам, ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бо Шумо Ҷаноби Олӣ, баҳри таҳкими муколама ва ҳамкориҳо байни ҳарду кишварамон, бовар мекунонам.
Лутфан Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олӣ ва хоссаи маро пазируфта бошед».
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.








Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






