Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Кумитаи рушди маҳал

Октябрь 2, 2020 14:18

ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо» бо иштироки намояндагони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он машварат баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раиси Кумита  Қосим Роҳбар иброз дошт, ки соли равон барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,  вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ба истиснои шаҳри Ҳисор, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Душанбе) ба анҷом мерасанд. Зикр шуд, ки фаъолияти минтақавии давлат яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи сиёсати давлат буда, барои ташкил ва рушди минтақа дар асоси барнома нақша ва чорабиниҳои дигари қабулнамудаи давлат равона мегарданд.

Таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳал нигаронида шуда, он тавассути самаранок истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда, муҷаҳҳаз ва таҷдид намудани онҳо бо технологияҳои муосир ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ амалӣ карда мешавад.

Октябрь 2, 2020 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд