Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ онлайн иштирок намуданд

Октябрь 9, 2020 16:02

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8-9 октябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи видеоконференсияи онлайнӣ дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои   иштирокчии    Иттиҳоди    Давлатҳои   Мустақил (АБП ИДМ) иштирок намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар видеоконференсия вакилоне, ки узвияташон дар комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои   иштирокчии    Иттиҳоди    Давлатҳои   Мустақил дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар видеоконференсия раиси Кумитаи Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ  ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба илм ва маориф Насиба Содиқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният дар Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва узви Кумитаи Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш Зоир Раҳмонзода иштирок намуданд.

Дар нишасти онлайнӣ масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва механизми пешбурди фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ  ва узвияти ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар комиссияҳои доимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Октябрь 9, 2020 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид