18-19 ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 18.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 ноябр бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ боридани борон ва барф дар назар аст.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 18 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ рӯзона борон борида, сипас ба барфи тар мубаддал мегардад.
19 ноябр дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ барф борида, дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон бориши бошиддат пешбинӣ шудааст. Дар ин шабонарӯз ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ то 0-5 дараҷа хунук шуда, шаби 19 ба 20 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 4-9 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд то 6-11 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12-17 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст.
Рӯзҳои 19-20 ноябр дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Рӯзҳои 18-19 ноябр дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти шимолу ғарб бо шиддати то 13-18м/с вазида, часпидани барф дар шохҳои дарахтон ва ноқилҳои барқӣ пешбинӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ пайдо шудани қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






