Дар доираи ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе дар Боғи Хайём сад адад ниҳоли кипарис шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Хайёми пойтахт маъракаи тозагӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар доираи он 100 адад ниҳоли навъи кипарис шинонида шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарон ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сокинони шаҳри Душанбе, Ҷамъияти германӣ оид ба корҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ) иштирок намуданд.
Иқдоми мазкур дар доираи ташаббусу дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи сабзазоркунӣ ва ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамзамон ба маъракаи ниҳолшинонӣ, тозагии муҳити зист ва сабзгардонии мавзеи мазкур иштирокчиён ва ғолибони чорабиниҳои онлайнии дар доираи «Моҳи амал оид ба иқлими сабз» баргузоргардида ҳамроҳ шуда, дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузоштанд.
Дар интиҳои ташаббуси мазкур ба иштирокчиёни барномаи «Моҳи амал оид ба иқлими сабз» барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист ва ғолиб омадан дар чорабиниҳои онлайнӣ дар мавзӯъҳои вобаста ба иқлими сабз туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.










ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд






