Дар Душанбе лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар фаъолони ҷамъиятӣ иштирок намуда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шӯҳрат Азиззода зикр дошт, ки «давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуданд, ки ин сиёсат дар оянда низ идома меёбад».
Президенти мамлакат 26 декабри соли 2019 дар Паёми навбатияшон зикр дошта буданд, ки «ҷавонони мо давомдиҳандагони фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад. Барои таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон сохтору мақомоти марбутаро вазифадор месозам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030″- ро дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд».
Бо ҳамин мақсад аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори мамлакат, махсусан Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав омода шудааст, ки баъд аз хулосагириҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон лоиҳаи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» дар таҳрири нав омода шудааст, ки дар ҳоли анҷомёбист. Ба таъкиди иштирокчиёни ҷаласа, дастовардҳои муҳим дар соҳаи сиёсати кор бо ҷавонон- ин ташаккули механизми ҳавасмандӣ ва дастгирии ҷавонон дар шакли Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш маҳсуб мешаванд.
Зикр гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» тағйиру иловаҳо бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, истифодаи пешқадами таҷрибаи давлатҳо дар сиёсати давлатии ҷавонон, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ба назар гирифта шудаанд.








«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад






