Дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар Ишкошим филиали «Амонатбонк» ифтитоҳ гардид

Ноябрь 24, 2020 12:01

ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр,  дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои боҳашамати маъмурии филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кушода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ифтитоҳи бинои мазкур раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода, муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода ва ҳайати расмӣ ширкат намуданд.

Бинои мазкур дар доираи иншооте, ки ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд,  ба истифода дода шуд.

Филиали мазкур бо сарпарастии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба маблағи умумии 2 824 000 сомонӣ аз тарафи ширкати «Парвиз-92» сохта шудааст.

 

Ноябрь 24, 2020 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд