Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода дар мизи мудаввари байналмилалӣ сухан гуфт

Ноябрь 27, 2020 15:34

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  27 ноябр Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар мизи мудаввар таҳти унвони «Ташаккули анъанаҳои муколамаи сулҳомези мардум ва давлатҳо ҳамчун асоси рушди устувори ҷомеа» иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Чорабинӣ дар шакли видеоконфронс дар доираи марҳилаи минтақавии хониши XXIX байналмилалии таълимии солинавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш роҳбарони вилояти Свердловск, намояндагони аршади Калисои Православии Россия, олимон ва намояндагони корпусҳои дипломатии маҳаллӣ ширкат варзиданд.

Суханронии дипломати тоҷик ба таҷрибаи сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90 аз нуқтаи назари саҳми мусбат дар ташаккули анъанаҳои муколамаи сулҳомези байни мардум ва давлатҳо бахшида шуда буд ва аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар бо таваҷҷуҳи зиёд пазируфта шуд. Онҳо пешниҳод карданд, ки матни суханронии Зафар Сайидзода дар шакли китобча (брошюра) бо мақсади таблиғи минбаъдаи он дар доираҳои манфиатдор нашр карда шавад.

Ноябрь 27, 2020 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд